23:18 26 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
109 0 0

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ин нуктаро дар ҷаласаи солонаи Мушовараи Кумита қайд кардааст

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тӯли соли 2019 воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 235 нафарро наҷот додаанд.

Ин ниҳод ба бештар аз 600 нафар зарардидагон дар офатҳои табиӣ ёрӣ расондаанд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, бо истифода аз техникаи махсуси КҲФ ба 25 шаҳру ноҳияе, ки аз офатҳои табиӣ зарар дида буданд, маводи сохтмон расонида шуд.

Дар давоми соли 2019 ҳамчунин 1471 минтақаи хатарнокро ба қайд гирифта ва 331 нафарро ба маконҳои амн интиқол додаанд.

Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода гуфтааст, ҳарчанд соли 2019 барои кишвар соли чандон осоне набуд, аммо ба кормандони Кумита муяссар гардид, ки ба аҳолии зарардида сари вақт кумак расонанд, зарфиятҳои техникии Кумита ва сатҳи касбии кормандони он боло равад. 

Назарзода ҳамчунин дар бораи густариш ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода гуфтааст. 

"Мо ба ин натиҷаҳои назаррас бо роҳандозии корҳои фаъол расидем, ки дар он на танҳо кормандони КҲФ, ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок карданд. Бо шарофати вокуниши саривақтӣ ва ташкили дурусти ҳамкорӣ, ба аҳолии аз офати табиӣ осебдида сари ҷақт кӯмак расонида шуд. Инчунин, бо таҷҳизоти махсуси Кумита масолеҳи лозим барои ба роҳ мондани корҳои соҳилбандӣ расонда шуд”,- гуфтааст ӯ.

Барчаспҳо:
ҷаласа, КҲФ, Рустам Назарзода

Мавзӯъҳои асосӣ