07:48 29 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
181 0 0

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки санаи 15-16 январи соли равон дар роҳҳои ҷумҳурӣ яхбандӣ, пайдоиши қабати барф ва ҷамъшавии барфтӯдаҳо аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида меғ мефарояд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст.

Манбаъ зикр кардааст, ки санаи 15-16 январ дар роҳҳои ҷумҳурӣ яхбандӣ, пайдоиши қабати барф ва ҷамъшавии барфтўдаҳо аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Дурии биниш дар ағбаҳо то масофаи 300 метрро ташкил медиҳад.

Инчунин  дар хамиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии  навоҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар  шаҳри Душанбе обу ҳаво тағйирёбанда бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва  рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рӯзона 1-6 дараҷа хунук  мешавад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 5-10 то 13-18 ва рӯзона 1-6  дараҷа хунук  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  23-28 ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, туман мефарояд.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва   рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
меғ мефарояд, эҳтимол, Оҷонсии обуҳавосанҷӣ, яхбандӣ, барф, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ