19:07 25 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
183801

Ҷавони 21 - сола, ки дар ноҳияи Панҷ аз захми корди соҳибхона ба ҳалокат расид, дӯстписари духтари меҳмондор будаст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Сокини 41 - солаи ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ дар пайи муноқиша бо дӯстписари духтараш бо корд гардани ӯро буридааст, хабар медиҳад сомонаи Фараж.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор дар хонаи падари духтар рух додааст ва ҷанозаи Хуршед Ғолибов соати 10 - и имрӯз ба хок супорида шуд.

Куштор дар қаҳвахонаи "Сабрина": сокини пойтахт марди 57 соларо то мурдан кӯфт

Манбаъ меафзояд, марҳум дар ҳамсоягии духтар зиндагӣ мекард ва нияти бо ӯ хонадор шуданро доштаст. Вале падари духтар ду маротиба ба хостгорҳои фиристодаи Хуршед ҷавоби рад дода, духтарашро ба як хеши дураш аз деҳаи ҳамсоя номзад кардааст.

Гуфта мешавад, ҷавони ошиқ ба хотири розӣ кунондани падари дӯстдухтараш ба хонаи ӯ омад, вале ҳадафи теғи корд қарор гирифт.

"Нуров Нур падари хонавода сари ҷаҳлу хашм ҷавони хундарҷӯши ошиқро ба хона медарорад ва бо истифода аз корди хоҷагӣ гулӯяшро мебурад", - омадааст дар хабар.

Феълан, номбурда барои содир намудани ҷинояти куштор дар Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Панҷ қарор дорад ва вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Барчаспҳо:
куштор, Панҷ

Мавзӯъҳои асосӣ