06:06 29 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
28310

Дар шаби соли нави 2020, 85 ронанда дар навоҳии Суғд дар вақти рондани нақлиёт дар ҳолати сархушӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Акбар Шарифӣ, сардори маркази матбуотӣ РВКД дар вилояти Суғд дар гузоришаш аз муҷозоти 85 ронанда дар шаби 31-уми декабр хабар додааст, ки дар ҳолати шаробнӯшӣ ба рондани нақлиёт машғул шудаанд.

 “Таҷриба нишон медиҳад, ки ин намуд ҳуқуқвайронкунӣ заминаи воқеии мусоидаткунанда ба рухдоди эҳтимолии садама аст”, - гуфтааст Шарифӣ.

 Боздошти ронандаҳои сархуш дар шаби соли нави мелодӣ бо дастури сардори РВКД дар вилоят Суғд сурат гирифтааст ва дар 18 шаҳру навоҳии вилоят нозирони БДА дар самти саривақт ошкорнамоии ин намуд ҳуқуқвайронкунӣ вазифадор шудаанд.

Агар ронандагони сархушро кормандони БДА саривақт дастгир намуда, аз идоракунии воситаи нақлиёт дур намекарданд, бо айби ин ронандаҳои сархуш содир гардидани боз чандин садамаҳои нақлиётӣ, ҳатто бо оқибатҳои вазнин аз эҳтимол дур набуд, - зикр намудааст Шарифӣ.

Мақомоти БДА вилояти Суғд қаблан низ аз ошкоршавии 362 ҳолати идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар шаш моҳи соли 2019 хабар дода ва гуфта буданд, ки аз ин ҳисоб ба 241 нафар ҳабси маъмурии 15 шабонарӯзӣ ва барои 81 нафари дигар ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷамъ ба маблағи 1 миллиону 143 ҳазору 660 сомонӣ ҷарима тадбиқ шудааст.

 Ҳукумати Тоҷикистон ахиран ба як қатор қонун ва санадҳое, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро танзим мекунад, тағиру иловаҳо ворид намуд.

Бар асоси ин тағйирот, аз ҷумла ҳаҷми ҷаримаи ҳуқуқвайронкунӣ барои ронандаҳои сархуш ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисоб, яъне 15 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби маҳрум намудан аз 5 соли ҳуқуқи ронандагӣ қабул карда шуд.

Аммо мақомоти БДА мегуяд, бо ин вуҷуд то ҳол шуморе аз ронандаҳо ин муқарраротҳои қонуниро дарк накарда, дар ҳолати сархушӣ сари чамбараки нақлиёт нишастани онҳо ошкор мешавад.

БДА Суғд чанде пештар ҳам аз 2 миллиону 821 ҳазору 925 сомонӣ ҳаҷми ҷарима аз ҳисоби ронандаҳои бе ҳуҷҷат ва сархуш дар давраи шаш моҳи соли 2019 гузориш дода, дар он таъкид мекард, ки “агар чунин маблағҳои ҷаримавиро сокинон ба буҷҷаи оилавии худ сарф мекарданд, сатҳу сифати зиндагии онҳо хубтар мешуд”.

Барчаспҳо:
ҷавобгарӣ, сархушӣ, нақлиёт, шумора, ронанда, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ