05:09 19 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
56 0 0

Қаландарова аз ҷумлаи бонувони фаъоли ноҳия буда, солҳои зиёд дар мақомҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ хизмат кардааст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Сокини ноҳияи Панҷи  вилояти Хатлон,  собиқадори меҳнат Зайтуна Қаландарова тасмим гирифтааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар навсозии   6,5 км роҳи маҳаллӣ ва  бунёди кӯдакистон саҳм гузорад. Дар ин бора  АМИТ "Ховар" гузориш медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ва  сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Раҳимзода  ба аёдати Зайтуна Қаландарова ба  ноҳияи Панҷ омада, аз аҳволи ӯ хабардор гардиданд.

Зимни суҳбат  Зайтуна Қаландарова  ба муовини  раиси вилоят   иброз дошт, ки  сиёсати  раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро  ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, меҳоҳад дар ободонии маҳалли зисташ саҳм гузорад.

Муовини раиси вилоят ин ташаббуси Зайтуна Қаландароваро  намунаи барҷастаи як шаҳрванди соҳибватану ободгар арзёбӣ намуда, зикр кард, ки  ин иқдоми наҷиби ӯ барои дигарон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки З. Қаландарова аз ҷумлаи бонувони фаъоли ноҳия буда, солҳои зиёд дар мақомҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ хизмат кардааст.

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ