19:07 05 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
166 0 0

Маҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон зери тамғаи "Made in Tajikistan" ба бозорҳои ҷаҳон роҳ ёфта, содироти он рӯ ба афзоиш ниҳодааст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Содироти маҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад агентии Ховар бо истинод ба Вазорати саноати Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, бори нахуст дар таърихи саноати хӯроквории мамлакат содироти  маҳсулоти консервашуда ба роҳ монда шудаст.

Аз ҷумла "Пиёзи анзур ва "Ғураоб" ба Амрико, хушкмеваи "Тут" ба Туркия, нӯшобаи "Хуч" ва афшураи "Зардолу" ба Литва содирот мешавад. Гузашта аз ин обҳои маъданию ошомидании "Хаватаг", "Оби Зулол" ва "Сиёма" ба Озарбойҷону Аморати Мутаҳидаи Араб интиқол меёбанд.

Тоҷикистон пойбанди молҳои хориҷист: воридот аз содирот 3 баробар зиёд шуд

Гуфта мешавад, ҳоло дар саноати хӯрокворӣ беш аз 480 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ машғул буда, дар онҳо зиёда аз даҳ ҳазор нафар коргарону мутахассисон фаъолият доранд.

Тибқи иттилои сарчашма, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар cоли 2019  беш аз 5 миллиарду 373 миллион  сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум  наздик ба 110 фоиз ё  беш аз  450 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 

Барчаспҳо:
содирот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ