14:40 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
106 0 0

Ин мағозаи китоб бо маблағгузории чанд нафар аз соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардид ва онҳо тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ барои таъмини мағоза бо китобҳои илмию бадеӣ, бахусус китобу маҷаллаҳо барои кӯдакону наврасон ба таври муштарак саҳм мегузоранд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Дар шаҳраки Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз мағозаи нави фурӯши китоб дари худро ба рӯи дӯстдорони китоб боз намуд.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" зимни ифтитоҳи фурӯшгоҳи китоб муовини аввали раиси вилоят Алишер Мирзонаботов гуфтааст, ки имрӯз бо кумаки соҳибкорону дигар ҷавонмардони саховатпеша дар ҳар як шаҳру деҳоти вилоят толору майдончаҳои варзишӣ, марказҳои дилхушии кӯдакон бунёд мегарданд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ин иқдоми наҷиб ҳамеша  пуштибонӣ мекунад.

"Акнун вақти он расидааст, ки дар маркази ноҳияҳо ва деҳоти вилоят дасти кам як дӯкони фурӯши китоб бунёд шавад. Зеро маҳз мутолиаи бештари китоб ба насли ояндасози миллат имконият фароҳам меорад, ки дар рушди илму иқтисод ва фарҳанг бештар нақш гузоранд. Президент бори дигар таъкид доштанд, ки китоб ва китобхонӣ омили асосии ҳифзи фарҳаги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифтанок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад", - афзуд Мирзонаботов.

Бунгоҳи тиббӣ сохту варзишгоҳу китобхона месозад: хайри соҳибкор дар Дарвоз

Ин мағозаи китоб бо маблағгузории чанд нафар аз соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардид ва онҳо тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ барои таъмини мағоза бо китобҳои илмию бадеӣ, бахусус китобу маҷаллаҳо барои кӯдакону наврасон ба таври муштарак саҳм мегузоранд.

Пештар хабар дода шуд, ки соҳибкоре дар деҳаи Паткуноби ҷамоати деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз бунгоҳи муосири тиббӣ бунёд кард.

Барчаспҳо:
китоб, мағозаҳо, Дарвоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ