Абдулқодирзода, гуфт террористон аз намояндагони динҳои дигар чӣ талаб доранд

© Sputnik / Амир ИсаевСаидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, идеологияҳои ифротгароӣ ва терроризм даъват мекунад, ки ҳамаи намояндагони динҳои дигар аз заминҳое, ки дар он мусалмонон зиндагонӣ мекунанд, бояд раванд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон  мулоқоти ҳайати шахсӣ бо сарвари Шӯрои уламои Маркази Исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода баргузор шудааст. 

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дар мулоқот масъалаҳои муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм, ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои бунёдгаро мавриди суҳбат қарор гирифтааст.

Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намудааст, ки ифротгароӣ ва терроризм як неруи вайронгари тафаккури инсон ва ҷисму ҷони вай буда, бояд ба муқобили он муборизаи беамон бурд. 

"Идеологияҳои ифротгароӣ ва терроризм даъват мекунанд, ки ҳамаи намояндагони динҳои дигар аз заминҳое, ки дар он мусалмонон зиндагонӣ мекунанд, бояд раванд ва ба муқобили ҳукуматҳое ҷанг эълон кардаанд, ки ба ақидаи онҳо исломӣ нестанд ва ин ақидаву ин ғоя инсониятро ба партгоҳе тела медиҳад",- гуфтааст ӯ.

Бино ба гуфти Абдулқодирзода, мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок бе роҳандозии корҳои таблиғотӣ маъно надорад.

Переполненные камеры: как в сирийских тюрьмах живется пособникам террористов - Sputnik Тоҷикистон
Беморӣ ва тангии ҷой: даҳшати зиндонҳои Сурия барои ҳамдастони террористон - навор

"Бояд асли Ислом ва ҳадафи ин гуна гурӯҳҳои тундравро ба мардум расонд. Воситаҳои мухталифи таъсиррасонро бояд истифода кард. Яке аз ин роҳҳо муколама бо мардум аст, бо роҳҳои суолу ҷавоб метавон ҳадафи тундравонро фаҳмонд ва аз вуруди ҷавонону наврасон ба сафи онҳо ҷилавгирӣ кард".

Террористон марзи Тоҷикистонро меомӯзанд: ҳушдори КДАМ ва пешниҳоди Раҳмон

Муфтии Тоҷикистон Абдулқодирзода дар суханронии худ ҳамчунин дар бораи стратегияи Шӯрои уламои кишвар дар мавриди ба ҷавонон расонидани арзишҳои аслии Ислом, равона сохтани онҳо ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва дурӣ аз ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав нақл кард.

Вай ҳамчунин ба як сислила тарҳҳое низ ишора кард, ки Шӯрои уламо барои расидан ба ин ҳадафҳо онҳоро амалӣ месозад.

Лентаи хабарҳо
0