КҲФ дар ВМКБ фаъолиятро пурзӯр мекунад

CC BY-SA 4.0 / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони КҲФ дар вилоят вазифадор гардиданд, минбаъд барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқуллодамчораҳои зарурӣ андешидава, фаъолияти пурзӯрро ба роҳ монанд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Рӯзи 17-уми январи соли равон дар ММҲД-и шаҳри Хоруғ дарси методӣ-таълимӣ оид ба пурзӯр гардонидани фаъолияти кории Комиссияҳо оид ба устуворгардонии иншоотҳои иқтисодӣ, баргузор шудааст.

Грузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
Эҳтиёт кунед: ҳушдори КҲФ Тоҷикистон аз бориши барф ва яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳии кишвар

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дар ин дарс сардорони зернизомҳои ҳудудии низоми ягонаи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва хадамотҳои дар шаҳри Хоруғ фаъолиятдошта, ширкат намудаанд.

Дар ҷаласа кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсат полковник Сафарбек Аваз ширкат намуда, барои иштирокдорони оиди  тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ, кор аз рӯи нақшаи умумӣ оид ба нақшаи-чорабиниҳои доир ба пешгирӣ ва рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2020 ва пурзӯр намудани комиссияҳо оид ба устуворгардонии иншоотҳои иқтисодиро, баррасӣ намудаанд.

Ҳушдори КҲФ: сафарҳои безарурат накунед, барфу борон ва хатари тарма дар роҳҳо

Дар рафти дарс иштирокдорон бо ҷараёни кор тариқи рӯнамоиҳо  шинос шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки кормандони КҲФ дар вилоят вазифадор гардиданд, минбаъд барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқуллодамчораҳои зарурӣ андешидава, фаъолияти пурзӯрро ба роҳ монанд.

Лентаи хабарҳо
0