00:11 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
119 0 0

Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Фарҳод Салим, сафири Тоҷикистон дар Амрико барои дастовардҳо, рушд ва афзоиши ҳайвонҳои нодир қадрдонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯзҳои 16-18 январ дар шаҳри Ренои аёлати Невадаи Амрико сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим дар намоиши “2020 Sheep Show Convention” бо даъвати “Wild Sheep Foundation” ширкат варзид.

Чучела горных баранов и козлов
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Тавре манбаъ қайд намудааст, чорабинии мазкур ба мақсади тақдими ҷоизаҳо ба шахсони алоҳида барои дастовардҳо, рушд ва афзоиши ҳайвонҳои нодир барпо гардид.

Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби намоиши имсола ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадзода барои комёбиҳои касбӣ дар муҳофизати гӯсфандони нодир дар Тоҷикистон ҷоизаи “International Conservation Statesman Award” тақдим шуд.

Инчунин дар ин намоиш Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо назардошти эътироф ва қадрдонии комёбиҳои дипломатӣ дар пешбурди муносибатҳо ҷиҳати муҳофизат ва идоракунии гӯсфандони нодир дар Тоҷикистон бо ҷоизаи “International Wildlife Conservation Ambassador Award” қадрдонӣ шуд.

Вазорати умури хориҷа таъкид доштааст, ки сафир ҷоизаҳоро қабул карда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ барои қадрдонӣ изҳори сипос намуд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бо ташаббуси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, таҳкими ҳамкориҳо ба амалисозии ин иқдом мусоидат хоҳад кард.

Барчаспҳо:
ҷоиза, мукофот, ҳайвон, рушд, Амрико, сафир, ҳифзи муҳити зист, кумита, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ