Пешравӣ буду камбудӣ низ: Расулзода аз як соли Тоҷикистон ба Раҳмон ҳисобот дод

© Sputnik / Амир ИсаевПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири Тоҷикистон дар назди президент аз рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2019 ҳисобот пешкаш карда, аз ҷумла қайд намуд, ки баробари дастовардҳо камбудиҳо низ ҷой доштанд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маҷлиси васеи Ҳукумат дар назди Президент Эмомалӣ Раҳмон аз рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2019 ҳисобот додааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур маҷлиси васеи Ҳукуматро доир кард

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад.

Бино бар ҳисоботи нахуствазир, дар соли 2019 рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 77, 3 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,7 фоизро ташкил дод.

"Афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо, асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,6 фоиз, кишоварзӣ 7,1, гардиши савдои дохилӣ 9, мусофиркашонӣ 10,9, хизматрасониҳои пулакӣ 2,9 ва боркашонӣ 1,1 фоиз таъмин гардид. Дар соли ҳисоботӣ сатҳи таваррум 8 фоизро ташкил намуд", - таъкид намудааст Расулзода.
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мушкилатон ҳал мешавад: ваъдаи Расулзода дар ҳузури Аҳмадзода ба сокинони Шӯроб

Дар соли ҳисоботӣ 219 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси  3 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба 27,6 млрд. сомонӣ баробар гашта, суръати рушди он 13,6 фоизро ташкил намуд.

Дар ин давра аз 249 намуд муҳимтарин маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 159 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, 27 номгӯйи молҳое, ки  дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол нагардида буданд, истеҳсолашон ба роҳ монда шуд.

Супориши Раҳмон: Расулзода бо ҷараёни сохтмони роҳи "Душанбе-Бохтар" шинос шуд

Дар баробари ин ҳаҷми истеҳсоли 59 номгуйи молҳои саноатӣ  нисбат ба соли 2018 коҳиш ёфта, 4 намуди мол умуман истеҳсол нагардид.

"Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қатори пешравиҳои соҳа камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд", - афзуд Қоҳир Расулзода.

Сарвазир қайд кард, ки натиҷаҳои бадастомада ҳоло ҳам қонеъкунанда набуда, дар ин давра дар ҳудуди кишвар аз 2 ҳазору 164 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун 149 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд.

Ҳамчунин, 128 корхонаи дигар ҳисоботӣ сифрӣ пешниҳод намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз шунидани ҳисоботи Расулзода барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта супоришу дастурҳо додааст.

Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати васеи Ҳукумат ва роҳбарии Президент 20 январ дар Душанбе баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0