02:20 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Дар пойтахти кишвар таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!”дуюмин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар пойтахти кишвар таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!” дуюмин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ баргузор мегардад.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон,  ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар  ва  тақвият додани  ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам  мебошад.

“Дар  Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ ҷавонони ҳунарманду эҷодкор аз ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ  метавонанд бо рақсу суруд ва таронаҳои миллии худ иштирок намоянд”, таъкид доштааст манбаъ.

Бояд қайд кард, ки маротибаи дуюм аст бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ доир мешавад.

Соли  2019 дар фестивали мазкур намояндагони беш аз 12 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония ва Туркия иштирок намуда, барномаҳои ҷолибе ба намоиш гузошта буданд.

Барчаспҳо:
хориҷӣ, донишҷӯён, фестивал, ҷавонон, фарҳанг, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ