11:08 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
419530

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури се амр муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президент ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳоро аз кор озод кард

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тибқи се амри Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ду мақомдори Дастгоҳи иҷроия ва як ёрдамчии Президент аз кор озод карда шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар иттилоъ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод карда шуд.   

Инчунин аз Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур низ аз кор озод карда шуд.

Ҳамзамон бо амри дигари Презитденти Тоҷикистон Ҳакимзода Шариф Саидович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо озод карда шудааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст амрҳои Президенти Тоҷикистон 21 январи соли равон ба имзо расидааст.

Барчаспҳо:
кадрҳо, ёрдамчии президент, Президент, муовин, амри президент, Раисҷумҳур, Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ