07:15 19 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
581 0 0

Дар кишвар аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар ба Чин худдорӣ кунанд. Дар фурудгоҳҳо нафаронеро, ки аз Чин бармегарданд, ташхис мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik.  Тоҷикистон сафари шаҳрвандонашро ба Чин маҳдуд мекунад. Ин иқдоми масъулини тоҷик ба паҳншавии коронавирус, як вируси гузарандаи хавфнок бастагӣ доштааст.

Тавре Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустии кишвар хабар додааст, ин ҳолат то беҳтар шудани вазъ идома меёбад.

"Бо мақсади муайян кардани кӯчактарин нишонаҳои беморӣ, Вазорати тандурустӣ вазъро таҳти назорат қарор додааст ва тамоми шаҳрвандонеро, ки аз Чин ба Тоҷикистон бармегарданд, аз ташхис мегузаронад", - афзудааст Камолзода.

Вай таъкид мекунад, ки мақомот аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, то аз сафар ба Чин худдорӣ намоянд.

"Мо ҳақ надорем, ки сафари шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро маҳдуд кунем. Аммо тамоми шаҳрвандонеро, ки аз Чин ба Тоҷикистон бар мегарданд, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро, ташхис мекунем", - гуфт муовини вазир.

Ба гуфтаи вай, ташхиси шаҳрвандон дар нуқтаҳои назоратии фурудгоҳҳо анҷом дода мешавад.

"Мақомоти Тоҷикистон пас аз шунидани хатари вируси нав мусофирони аз Чин воридшавандаро таҳти назароти шадид гирифтанд", - афзуд вай.

Боздошти марди душанбегӣ барои сирояти як зан ба ВИЧ

Аз Тоҷикистон ба Чин ҳафтае се маротиба парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Охирҳои моҳи декабр мақомоти чинӣ аз пайдо шудани вируси нав дар шаҳри Ухани ҷумҳурӣ хабар доданд.

Феълан, 218 ҳолати гирифторӣ ба ин вирус ба қайд грифта шудааст. Дар пайи олудашавӣ чор нафар ҳалок шудаанд. Ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Таиланд ба қайд гирифта шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ