12:03 23 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1065 0 0

Ширкати IRS хабар додааст, ки роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ бино бар боришоти зиёди барф мувақаттан баста шудааст. Ҳоло роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилагжиш коркард доранд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ширкати IRS эълом кардааст, ки роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ бино бар боришоти барфи зиёд ва фаромадани тармаҳо мувақаттан баста шудааст.

Пресс-секретарь компании IRS  Далер Абдулло (Мерганов)
из личного архива Далера Абдулло

Бино бар иттилои манбаъ, айни замон кормандони ширкат ба тозакунии роҳ аз барфтӯдаҳо машғуланд.

“Субҳи имрӯз дар якчанд қитъаҳо тарма фаромада, дар дигар қитъаҳои роҳ хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Муддати якчанд соат ҳаракати ҳама гуна навъи воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Корҳои бартараф намудани оқибатҳои тармафароӣ ва тозакунии роҳ аз барф идома доранд. Аз фаромадани тармаҳо касе осеб надидааст”, - қайд кард Мерганов.

Ширкати IRS  таъкид доштааст, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин роҳ нимаи дуюми рӯз барқарор хоҳад шуд.

Бояд қайд кард, ки ширкати IRS қаблан хабар дода буд, ки новобаста аз бориши беист ва шадиди барф роҳ кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст.

 “Кормандони филиали Ширкат роҳро таври мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилагжиш коркард карда истодаанд. Техникаҳои филиали Ширкат ба маҳалли сербориш ва хавфи тармаборӣ зиёд сафарбар шуда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст”, - таъкид намуда буд дафтари матбуоти ширкат.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз, 22-юми январ дар Тоҷикистон обу ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ боридани барфи бошиддат ва фаромадани тарма дар назар аст.

Барчаспҳо:
тоза кардан, боришот, барф, Душанбе-Чаноқ, роҳ, ширкати IRS

Мавзӯъҳои асосӣ