09:26 18 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол, ки тайи ду рӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷараён гирифт, 21 январ ҷамъбаст гардид

.ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар мусобиқа 18 даста аз шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар даври ниҳоӣ дастаҳои ДДҲБСТ ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бо ҳам рақобат намуданд. Бо шикаст додани ҳариф дастаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия соҳиби ҷои аввал ва Ҷоми мусобиқа гардид.

"Дастаи ДДҲБСТ сазовори ҷойи дуюм, дастаи Ашт-2 ба гирифтани мақоми сеюм ва волейболбозони Истаравшан сазовори ҷойи чорум гардиданд. Ба ғолибон туҳфаву сипоснома ва маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 3000, 2000 ва 1000 сомонӣ тақдим карда шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷоизи зикр аст, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбӣ ва мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ роҳандозӣ гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ