Ташкили комиссияи махсус барои қир кардани сагҳо дар Хуҷанд: ба одамон ҳамла мекунанд

© Foto / Photo by Daniel Lincoln on UnsplashСобака в снегу облизывает морду
Собака в снегу облизывает морду - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Сагҳои бесоҳиб ба мушкили ҷустуҷӯи ғизо дар фасли сармо ба хашм омада, дар кӯчаву маҳаллаҳои Хуҷанд ба сокинон ҳамла кардаанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Шарифа, як сокини шаҳри Хуҷанд мегуяд, ки субҳи барвақт дар роҳи хона ба бозор мавриди ҳамлаи гурӯҳи сагҳои дайду қарор гирифтааст. Ин зан, ки ба гуфтаи худаш ҳисоби рӯзиашро аз кори бозор пайдо мекунад мегуяд, агар кӯмаки чанд роҳгузар намешуд, сагҳои дайду ба ӯ осеб мерасониданд.

“Субҳ вақте аз хона баромадам, гурӯҳи сагҳоеро дидам, ки дар маҳалла гаштугузор доранд. Онҳо сумкаи дар даст доштаамро дида ба сӯи ман давиданд, ҳарчанд санг гирифта ҳаво додам ҳам дур нарафтанд, балки аккосзанон ба ман наздик шуданд ва аз ин ман тарсидам. Аз ин ҳоли ман чанд роҳгузар бохабар шуда сагҳоро ронданд. Агар роҳгузарҳо намебуданд, хавфи ҷароҳат расонидани сагҳо вуҷуд дошт”, - изҳор намуд Шарифа.
Бродячие собаки в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Осеб дидани беш аз 3500 сокинони вилояти Хатлон аз дасти сагҳои дайду

Сокинон мегуянд, дар ин охирҳо шумори сагҳои бесоҳиб дар кӯчаву маҳаллаҳои Хуҷанд, зиёд шудааст. Масъулони идораи назорати давлатии санитарию эпидемологии Суғд мегуянд, сагҳои дайду барои ҷустуҷӯи ғизо дар фасли сармо ба мушкил дучор шуда аз теппаҳо ба маркази шаҳр фаромадаанд.

Нурулло Ҳусейнов, як корманди МНДСЭ дар вилояти Суғд мегуяд, дар ин фасли сармо шумори сагҳои дайду дар кӯчаҳои шаҳр меафзояд ва ба ин далел якбора нест кардани онҳо ғайриимкон аст.

Навзодро аз даҳони сагон ёфтанд: муроҷиати ВУД ба мардум баъди ҷинояти мудҳиш-видео

“Барои назорат кардани сагҳои дайду комиссияи фавқуллода таъсис дода шудааст ва ҳамарӯза корбарӣ мекунанд. Вале бо ин вуҷуд ҳолатҳои осеб дидани одамон аз сагҳо дида мешавад”, - гуфт Ҳусейнов.

Бино ба омори расмӣ, давоми як соли охир бештар 4 ҳазору 700 ҳолати осеб дидани сокинони Суғд аз захми дандони сагу гурба ва хару дигар хояндаҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора бештар 3 ҳазору 700 ҳолати осеб расонӣ ба сокинон аз ҳисоби ашки сагҳо гуфта мешавад.

Лесной пожар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бо саг тарсонидаву ба симтӯр бастанд: тафсилоти даҳшатбори оташ задани Осияи 6-сола

Мутахассисон соҳаи тандурустӣ мегуянд, ҳар шахси осебдида аз ашки сагҳо бояд аз назорати духтурон гузашта аз сӯзандоруҳои махсус истифода барад. Дар акси ҳол, аз таъсири бемории ҳорӣ, ки аз ҳисоби газидани одатан сагҳо ба вуҷуд меояд, ҷабрдидаро бемориҳои вазнин таҳдид хоҳад кард.

Зимнан қиркунии сагҳои дайду аз сӯи комиссияи фавқуллода, дар Хуҷанд оғоз шудааст. Кормандоне, ки ба ин комиссия шомил ҳастанд ва тӯли чаҳор соат ҳар шом ба қиркунии сагҳои дайду ба кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр мебароянд.

Дар пайи муроҷиати сокинон дар соли 2019, аз сӯи ин комиссия дар Хуҷанд 717 саги дайду қир шудааст.

Лентаи хабарҳо
0