Transparency International сатҳи фасодзадагии Тоҷикистонро муайян кард

© ГУ МВД России по г. Москве / Гузариш ба медиабонкЗадержание подозреваемого во взятке. Архивное фото
Задержание подозреваемого во взятке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони байналмилалии ғайридавлатии Transparency International таҳқиқоти ҷадидашро дар самти фасодзадагии кишварҳои дунё мунташир кардааст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар ин шохис миёни 180 кишвари дунё чун соли пешӣ бо 25 хол дар мақоми 153-юм ҷой гирифта, шомили 30-гонаи фасодзадатарин кишварҳои ин радабандӣ шудааст.

Генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Монополияю нобоварии мардум ва нооромӣ: генерал Султонзода аз оқибати коррупсия гуфт

Дар баробари Тоҷикистон, Узбакистон низ бо 25 хол дар мақоми 153-юм ҷой гирифтааст. Нишондоди бадтар аз Тоҷикистону Узбакистонро дар қаламрави собиқ шӯравӣ танҳо Туркманистон дорад, ки бо 19 хол дар зинаи 165 қарор дорад.

Ин радабандӣ бар пояи таҳлили хатарҳои сармоягузорӣ, озодии баён, сатҳи зиндагӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон ба сатҳи фасодзадагӣ таҳия шудааст.

Миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ Эстония - 74 хол, Литва - 60, Латвия, Гурҷистон – 56-холӣ, Белорусия – 45, Арманистон – 42, Қазоқистон - 34, Молдова - 32, Озарбойҷон, Қирғизистон, Украина – 30-холӣ, Тоҷикистону Узбакистон – 25 хол ва Туркманистон 19 хол гирифтаанд.

Кофтукоби шахсии онҳо ва азназаргузаронии мошину телефонашон манъ: илова ба қонун

Пешсафҳои ин радабандӣ – Зеландияи нав, Дания - 87 холӣ, Финляндия – 86 хол, Швейтсария, Сингапур ва Шветсия - 85 хол мебошанд.

Дар феҳристи фасодзадатаринҳо Сомалӣ – 9 хол, Судони ҷанубӣ – 12 ва Сурия бо 13 хол шомил шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0