14:33 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3635 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват кард

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ, даъвати панҷум 24 январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Раисиҷумҳур ба Маҷлиси миллӣ ду масъаларо пешниҳод кардааст, ки яке марбути таъиноти додситони кулли Тоҷикистон ва дигаре аз моликияти истисноии давлат хориҷ кардани нерӯгоҳи "Роғун" ва корхонаи алюминиюм "Талко" мебошад.

Масъалаи якум дар бораи додани ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод ва таъин намудани Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, омадааст дар фармон.

Айни ҳол Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон мебошад, ки аз моҳи январи соли 2015 дар ин мақом кор мекунад. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, прокурори генералӣ аз тарафи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ба мӯҳлати 5 сол таъин мешавад. Феълан маълум нест, ки таъиноти Юсуф Раҳмон тамдид мешавад, ё нафари дигар ба ин мақом таъин мегардад.

Иҷозати хусусӣ кардани амволи “Роғун” ва “Талко”: Ҳукумату парлумон пазируфтанд

Масъалаи дуюм тағйирот ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” мебошад. Бар асоси тағйирот ба қонуни мазкур Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” аз феҳристи иншооте, ки хусусигардонияшон мамнуъ буд, хориҷ карда шуданд. 

Мавзӯъҳои асосӣ