05:18 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
260 0 0

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хоҳиш намудааст, ки аз ташкили саёҳати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин мувақаттан худдорӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳии  Тоҷикистон дар як санади интишоршуда аз ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки бино бар авҷгирии бемории короновирус аз ташкили саёҳати шаҳрвандони Тоҷикистон  ба Чин худдорӣ намоянд.

Дар санади мазкур гуфта шудааст, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як қатор музофотҳои Чин, ҳамчунин дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Тайланд хуруҷи бемории Короновирус ба қайд гирифта шудааст.

 “Аз ин лиҳоз хоҳишмандем, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин худдорӣ намоед”, - хоҳиш намудааст Кумиатаи аз ширкатҳои сайёҳӣ.

Дар ҳамин ҳол, вазорати Тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ҳолати сирояти бемории Короновирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорат ба кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон тавсия додааст, ки аз анҷом додани саёҳат ба Чин то ба муътадил гардидани вазъият дар ин кишвар маҳдудият ҷорӣ намояд.

Инчунин, Вазорати тандурустии кишвар ба Кумитаи сайёҳӣ пешниҳод намудааст, ки бо мақсади пешгирӣ ва интиқоли Коронавирус ба ҷумҳурӣ сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки аз Чин ба Тоҷикистон ворид мегарданд ба қайд гирифта шаванд ва ному насаб ва суроғаву маҳали буду боши онҳо барои назорати минбаъда ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод шаванд.  

Ёдрас мешавем, ки Аз Тоҷикистон ба Чин ҳафтае се маротиба парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Охирҳои моҳи декабр мақомоти чинӣ аз пайдо шудани вируси нав дар шаҳри Ухани ҷумҳурӣ хабар доданд.

Феълан, 218 ҳолати гирифторӣ ба ин вирус ба қайд грифта шудааст. Дар пайи олудашавӣ чор нафар ҳалок шудаанд. Ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Таиланд ба қайд гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
Кумитаи рушди сайёҳӣ, худдорӣ, ташкил, сайёҳат, сайёҳ, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ