09:56 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9883 0 0

Дар ҷаласае, ки имрӯз бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон анҷом ёфт, як қатор тағйироти кадрӣ дар вазорати корҳои дохилии кишвар ба вуҷуд омад

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи ин тағйирот генерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, маъруф бо Шоҳ Искандар, аз вазифаи сардори шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара  сабукдӯш шуда, сардори ШКВД шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) таъйин шудааст.

Ба ҷои Шоҳ Искандар сардори шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара генерал Нурулло Орипов, собиқ муовини Вазири умури дохилаи Тоҷикистон таъин шуд.

Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин соли 1997 корро дар сохторҳои пулис оғоз карда, соли 2012 дар пайи пахши гурӯҳҳои Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло дар водии Рашт ва амалиёти низомии Хоруғ рутбаи генерал-майорро гирифт. Ӯ қаблан сардори идораи умури дохилии шаҳри Турсунзода буд. Аз он пеш ба ҳайси муовини сардори Раёсати корҳои дохилии минтақаи Рашт фаъолият кардааст.

Ҳамзамон, Назарзода Кудратулло сардори Раёсати Вазорати умури дохила дар вилояти Суғд аз вазифаи ишғолнамудааш озод шудааст.

Сардори нави Раёсати Вазорати умури дохила дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич таъин шудааст.

Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ