00:08 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7541 0 0

Бино ба шоеоте, ки дар Душанбе – пойтахти Тоҷикистон сайр мекунанд, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки то ҳол ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа аст, ректори Донишгоҳи миллӣ таъйин шудааст

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Бино ба ин шоеот, ки аз сӯи чанд манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон расидааст, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисҷумҳур дар умури робита бо ҷомеа аз мақомаш барканор ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин шудааст. Аммо то ба ҳол фармони ӯ эълон ва дар сомонаҳои расмии Тоҷикистон нашр нашудааст.

Дар ҳоли таъйид шудани ин хабар ин бозгашти дубораи Раҳмонзода ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳад буд, ки солҳои 90 – ум ӯ яке аз муовинони ректор буд. Таъйиноти Раҳмонзода ҳам дар пайи як зумра тағйироти кадрие, ки чанд рӯз ба ин сӯ дар дар соҳаи маориф идома дорад, анҷом мегирад.

Аз ҷумла, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм аз мақомаш барканор шуд ва ба ҷои Нуриддин Саид ба курсии вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода, ки то ин вақт ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд таъин шуд.

Дар навбати худ, Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонзода қаблан ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ, вазири маориф ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, аз ҳамон сол ба сифати ассистенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба фаъолияти илмиву омӯзгорӣ оғоз кардааст. Солҳои 1985-1987 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кардааст. Соли 1987 ба аспирантураи ДДТ дохил шуда, соли 1991 дар мавзӯи “Консепсияи замон дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик” рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ дифоъ кард. Баъди хатми аспирантура дар кафедраи номбурда фаъолияташро идома додааст.

Солҳои 1995-1999 мудири шуъбаи таълими донишгоҳ буд. Соли 2008 академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 2000 ба сифати мудири шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 2002 дар ҳамин вазифа кор кард.

Сипас дар шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ фаъолияташро идома додааст. Соли 2004 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2005 дар ҳамин мақом фаъолият кардааст.

Аз моҳи марти 2005 то моҳи январи соли 2012 дар вазифаи вазири маорифи Тоҷикистон фаъолият карда буд. Инчунин, солҳои 2012-2014  дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро кор кард.

Аз 15-уми декабри соли 2014 то кунун ба ҳайси Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият мекард.

Барчаспҳо:
ёрдамчии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, таъин, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ректор, Раисҷумҳур, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ