11:05 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
289904

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон амру фармонҳои президент ва қарорҳои Ҳукумат дар бораи таъиноти кадрии ахирро ироа кард

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон амру фармонҳо ва қарорҳои Ҳукуматро, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз имзо кард, пешниҳод намуд.

  • Ҳикматуллозода Неъматулло ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъин карда шавад.
  • Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод карда шавад.
  • Ғафорзода Баҳром Абдулафиз аз вазифаи муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
  • Завқизода Завқӣ Амин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
  • Раҳмон Носир Абдураҳим аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» озод карда шавад.
  • Завқизода Завқӣ Амин Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

  • Мирализода Абдусалом Мустафо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” барканор карда шавад.
  • Обидов Фозил Саидович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» озод карда шавад.
  • Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
  • Шодиён Муҳаммад Султонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» озод карда шавад.
  • Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
  • Орумбекзода Шамсиддин Шодибек бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
  • Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Директори Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
  • Баротзода Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод карда шавад.
  • Давлатзода Зулфия Давлат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Мавзӯъҳои асосӣ