00:34 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1647 0 0

Прокурори генералии Тоҷикистон бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм аз сӯи намояндагони Маҷлиси миллии Тоҷикистон раъйи таъйид гирифта, барои 5 соли дигар дар вазифаи худ боқӣ монд.

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар вазифаи худ боқӣ мондааст.

Наврӯз Қурбонов, ёвари Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, прокурори генералии Тоҷикистон бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм аз сӯи намояндагони Маҷлиси миллии Тоҷикистон раъйи таъйид гирифта, барои 5 соли дигар дар вазифаи худ боқӣ монд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузор кардани Маҷлиси васеи Ҳукумат тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар натиҷа, бархе аз масъулин ҷойҳои худро иваз ва бархе аз онҳо барканор шуданд. Аз ҷумла вазири маориф, фарҳанг, меҳнат ва адлия барканор ва таъин гардиданд.

Раҳмон камбудӣ ёфт: шарҳи расмии тағйироти кадрӣ аз сӯи котиботи Президент-аксҳо

Мувофиқи Сарқонуни ҶТ, додситони кулли Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллӣ аз ҷониби Презилент ба мӯҳлати панҷ сол таъин карда мешавад.

Пештар бархе аз расонаҳо дар такя ба манобеи худ хабар доданд, ки додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон низ аз мақом барканор мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ