10:21 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
776 0 0

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон имрӯз зимни иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ аз мақом барканор ва бо пешниҳоди президент дубора таъин гардид

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ки имрӯз дубора ба мансабаш таъин шуд, зимни ҷаласаи ғайринавбатӣ аз эътимоди раисҷумҳур нисбаташ сӯҳбат кардааст.

Раҳмон гуфтааст, ки дубора сари мансаби додситони кулл омаданаш, шаҳодати эътимоду боварии Президент Эмомалӣ Раҳмон аст.

Прокурори генералӣ афзудааст, ки баҳри таъмини волоияти қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  дар ҷомеа талош хоҳад кард.

Прокурори генералӣ мувофиқи сарқонуни Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва пешниҳоди Президент ба мӯҳлати панҷ сол таъин мешавад.

Дар ҳамин ҳол, раиси Маҷлиси  Убайдуллоев гуфтааст, ки ҳарчанд аз кори Юсуф Раҳмон дар умум розӣ бошад ҳам, хостори кори бештари додситон дар мубориза бо фасод аст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ