10:15 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
417 0 0

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки тоза ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуд, ҳафт сол вазири маориф, соле раиси кумитаи телевзион ва шаш сол ёрдамчии Президент буд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Имрӯз, 24 январ бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзодаро, ки то имрӯз вазифаи ёвари Президентро иҷро мекард, ректори донишгоҳи миллӣ таъин кард.

Раҳмонзода шурӯъ аз аввалҳои соли 2000-ум дар мақомҳои баланд аз ҷумла раиси кумита, вазир ва ёрдамчии президент  фаъолият кардаст.

Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ 15 марти соли 1959 дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоб таваллуд шудааст.

 Соли 1978 ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, соли 1983 хатм намуда, ба сифати ассисенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин ба кор оғоз кардааст.

Солҳои 1985—1987 дар Афғонистон адои хидмат намудааст.

Ноябри соли 1987 ба аспирантураи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Баъди дифои рисола аввал, ба сифати ассистент, баъдан ба сифати саромӯзгор ва дотсенти кафедраи фавқуззикр адои вазифа намуда, як қатор мақолаҳои илмӣ ва методӣ дар мавзӯъҳои мухталифи адабиёт таҳия ва нашр намудааст.

Аз соли 1995 то соли 1999 ба сифати мудири шӯъбаи таълими Донишгоҳи мазкур кор намуда, соли 1999 рисолаи доктории худро  дифоъ намудааст.

Соли 2000 ба сифати мудири шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 2002 дар ин шӯъба кор намудааст. Сипас, ба шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Соли 2004 ба сифати Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият кардааст.

Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст[1].

Аз январи соли 2012 то декабри соли 2014 ба сифати Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст[2][3].

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 декабри соли 2014 ба ҳайси Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1977), ордени «Шараф», (2006), Медали «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» (2011), «Ифтихорнома»-и Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои ИДМ (2012), «Диплом»-и Агентии Федиралии ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ-и Федератсияи Россия (2014) мукофотонида шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонзода аз соли 2013 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардидааст.

Мавзӯъҳои асосӣ