Ҷашнҳои рӯзи 25 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 25 января
День 25 января - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи биступанҷуми январ дар Тоҷикистон аз Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 25 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2016 дар Амстердам Маркази Аврупо оид ба мубориза бо терроризм ифтитоҳ гардид.

Соли 1924 дар шаҳри Шамони Франсия маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои  олимпии зимистона баргузор гардид.

Соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи "Лайлӣ ва Маҷнун" барпо гардид.

Соли 1949 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории телевизиони амрикоии "Эмми" гузаронида шуд.

Рӯзи 25 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Фармон ба имзо расониданд.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи мудҳиши террористӣ, ки бегоҳии 24 январ дар фурудгоҳи Домодедоваи шаҳри Москва рух дод, андӯҳгин гардида, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кумакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати пайваста қарор доданд.

День 19 января - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 19 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2017 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба имзо расид.

Соли 2001 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2010 бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар кори Саммити минтақавии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба шаҳри Истанбули Туркия сафар кард.

Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 2 нафар тоҷиконро "барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ"бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.

Ҷашнҳои рӯзи 25 январ

  •  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Рӯзи 25 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1944 – доктори илмҳои физика- математика Субҳон Ибодов.

Соли 1966 – иқтисодчӣ Фаррух Ҳамралиев

Лентаи хабарҳо
0