08:46 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
216 0 0

Ширкати тоҷикии "Somon Air" ва ширкати чинии "South China Airlines" парвозҳоро байни Тоҷикистону Чин ба мӯҳлати ду ҳафта лағв карданд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Парвозҳо байни Тоҷиктсону Чин муваққатан қатъ шуданд, хабар доданд аз ширкати "Сомон Эйр" ба Sputnik Тоҷикистон.

Далели лағви парвозҳо ба Чин таҷлили соли нав дар кишвар гуфта мешавад. Аз дафтари матбуоти ширкат таъкид карданд, ки ин иқдом ба зуҳури короновирус дар Чин рабте надорад.

Наздиктарин хатсайр аз Душанбе ба Урумчӣ 4 феврал анҷом дода мешавад. Парвозе, ки бояд 23 январ ба Урумчи сурат мегирифт бо далели набудани мусофир лағв шудааст.

Ширкати чинии "South China Airlines" низ парвозҳоро аз Чин ба Тоҷикистон то 5 феврал қатъ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулини вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки мусофирони ҳар парвозеро, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, аз ташхис мегузаронанд.

Бино бар омори расмӣ, дар Чин 800 нафар ба вируси "тоҷдор" олуда  шуда, 26 нафар ҳалок гаштаанд ва 177 тан дар шӯъбаҳои эҳё дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. Охирҳои моҳи декабр пизишкони шаҳри мазкур аз зуҳури бемории илтиҳоби шуши шубҳанок хабар доданд, ки пештар ба қайд гирифта нашуда буд. Дертар маълум гардид, ки манбаи бемории мазкур вируси нави навъи 2019-nCoV будааст, ки сирояткунанда мебошад.

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. Феълан гирифторони короноврус дар Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, ИМА, Ҷопон ва Ветнам ба қайд гирифта шудаанд.

Як бемори дигарро дар Австралия бо шубҳаи вируси тоҷдор бистарӣ карданд. Дар Русия ва Белорус низ чанд нафарро ба вируси тоҷдор шабҳа карданд, аммо тасдиқ нашуд.

Кишварҳои зиёде дар фурудгоҳҳо ташхисҳои иловагӣ ҷорӣ мекунанд. Ҳоло, дар Чин шаҳри Ухан ва Хуанганро бастаанд. Даромад ва баромад ба ин шаҳрҳо маҳдуд шудааст, нақлиёти ҷамъитӣ ва чанд иншоот дар шаҳр муваққатан аз фаъолият бозмондааст.

Шаҳрҳои калони Чин таҳти назорати шадид қарор доранд.

То ҳол пизишкон роҳҳои пешгирӣ ва ваксинаеро аз короновирус наёфтаанд. Нишонаҳои бемориро таби баланд, сулфа ва нафасгирии мушкил гуфтаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ