10:02 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
253520

Дар ин намоиш – бозор, ки аз соати 8 – и субҳ то 1 – и зуҳр идома дошт, 250 номгӯи китоб ба мизоҷон ироа шуд, ки бештарини онҳоро осори адабиёти классикӣ ва муосири тоҷику форс, назири Рӯдакӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Соиб ва дигарон манзури хонандагон шуданд

 ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Имрӯз, 25 январ, бинои Театри опера ва балети Тоҷикистон шоҳиди фурӯши бесобиқаи китоб буд, ки ба қавли Давлат Сафар, директори нашриёти “Адиб, мубтакири ин бозори мақтаъӣ, дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон назир надошт.

“Ин нахустин намоиш - бозоре буд, ки тайи 5 соат қариб 10 ҳазор нусха китоб ба фурӯш рафт. Чунин бозори гарми китобро таърихи китобдориву китобфурӯшии Тоҷикистони соҳибистиқлол ёд надорад. Аҳсант ба миллати китобдору китобхон ва тамаддунофари тоҷик!”, - гуфт Давлат Сафар ба Sputnik Тоҷикистон.

Дар ин намоиш – бозор, ки аз соати 8 – и субҳ то 1 – и зуҳр идома дошт, 250 номгӯи китоб ба мизоҷон ироа шуд, ки бештарини онҳоро осори адабиёти классикӣ ва муосири тоҷику форс, назири Рӯдакӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Сайидо, Соиб, Айнӣ, Лоиқ, Гулрухсор, Баҳманёр ва дигарон ташкил медоданд. Аз адабиёти ҷаҳонӣ осори А. Гоше - "Ишқи Анҷелика", Г. Тютюник - "Климко", И. В. Гёте - "Девони ғарбӣ - шарқӣ", Г. Мирчук - "Садо ва сухан", Р. Ғамзатов - “Доғистони ман”, М. Метлетский - "Бехазонгул", Абулкаломи Озод - "Куруши Кабир - Зулқарнайн" ва дигарон манзури дӯсторони каломи бадеъ шуданд.

Қимати китобҳо дар қиёс бо дӯконҳои китобфурӯшӣ хеле поён буд. Ба гунаи мисол, се ҷилди "Маснавӣ" - и Мавлавӣ агар дар китобфурӯшиҳо 60 сомонӣ арзиш дорад, дар ин бозор 45 сомонӣ (ҳар як 15 сомонӣ) ба фурӯш рафт. Ё силсилаи як ҷилд китоби силсилаи “Ахтарони адаб", ки осори классикии адабиёти форс – тоҷик аз Абдуабдуллоҳи Рӯдакӣ то Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро дарбар мегирад, 15 то 20 сомонӣ қимат дошт.

Давлат Сафар мегӯяд, аксарияти кулли китобҳо дар нашриёти “Адиб” ба чоп расида, нашриёти “Адабиёти бачагона” ва Энсиклопедияи миллии тоҷик низ маҳсули хешро ба мардум пешкаш карданд. Аммо ҳамоно Давлат Сафарро теъдоди бузурги харидорони китоб, аз ҷумла низомиу мактабиву донишгоҳиҳо ва сокинони оддии пойтахти Тоҷикистон дар ҳайрат гузоштааст.

 “Дар даромадгоҳи бинои Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ ҷойи қаддаммонӣ набуд. Ихлосмандони каломи бадеъ аз ҳама қишрҳои ҷомеа ба ин маъракаи муҳими фарҳангӣ ташриф оварданд. Махсусан барои дастрас кардани “Маснавии маънавӣ” – и Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ ва “Куллиёт” - и устод Лоиқ ҳатто бо фурӯшандаҳо дастбагиребон шуданд. Се навбат барои мизоҷон аз анбори нашриёти “Адиб” ба фурӯшгоҳ китоб оварданд. Манзараи талош ба китобро дида, навбатпоиву кашмакашҳои мардум барои нон дар солҳои 1991 ва 1992 дар назди Корхонаи нонпазии шаҳри Душанбе ба ёдам омад”, - афзуд директори нашриёти “Адиб”.

Ҳар сокин соле 5 китоб хонад: Раҳмон гуфт, ин супоришаш қатъисту таҳти назорат

Вижагии дигари ин намоиш - бозори китобфурӯшӣ ҳузури адибони маъруфи тоҷик, назири Гулрухсор, Кароматуллои Мирзо, Камол Насурулло, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон буд, ки худи онҳо, ба қавли Давлат Сафар, аз анбӯҳи мардуми китобхар ангушти ҳайрат газиданд, аз он, ки пиру барно рӯ ба китоб оварданду талош барои харидани китоб мекунанд.

“Ҷолиб ин буд, ки китобҳои ин бузургони адабиёти имрӯзи мо дар ҳамон бозор ба мухлисони худ соядаст медоданд ва мардум ҳам имкони суҳбати рӯёрӯй бо худи онҳо буд. Ман фикр мекунам, ҳар қадар ки мардуми мо адабиёти худро балад бошад, ҳамон қадар худшиносии миллии худро қавӣ мекунад”, - мегӯяд Давлат Сафар. Директори нашриёти “Адиб” мегӯяд, фурӯши бесобиқаи китоб ва ҳузури густардаи мардуми пойтахти Тоҷикистон дар намоиш – бозори имрӯз посухи маҳкам ба онҳоест, ки мегӯянд, мардуми тоҷик аз китоб бегона шудааст ва китоб намехонад."

Мавзӯъҳои асосӣ