Дар Тоҷикистон иҷозатномаи 5G – ро танҳо Tcell гирифт

© Sputnik / Стас ЭтвешСотовая компания Tcell, архивное фото
Сотовая компания Tcell, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон танҳо як ширкат аз иҷозатномаи роҳандозии хизматрасонии интернети насли 5G бархурдор аст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқа дар ҳузури хабарнигорон гуфт, имрӯз дар Тоҷикистон танҳо як ширкатест, ки дорои иҷозатномаи роҳандозии хизматрасонии интернети насли 5G мебошад.

Вай гуфт дар ҳоли ҳозир, яке аз ширкатҳое, ки аз ҳама муштарии бештар дорад, яъне “Индиго Тоҷикистон” (рамзи молӣ Tcell) дорои иҷозатномаи роҳандозии хизматрасонии интернети насли 5G мебошад.

Имзои созишнома миёни ширкати “Telecom Devices Pro”-и Узбакистон ва Tcell-и Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Tcell бо миллион доллар таҷҳизоти тавлиди Узбакистон мехарад

Илҳомҷон Атоев илова кард, ки дар баробари ширкати  Tcell  дигар ширкатҳои мобилӣ низ барои гирифтани иҷозатнома талош доранд.

Ҳамзамон, вай илова кард, ки бархе аз ширкатҳои мобилӣ аз соли 2008 иҷозатномаи роҳандозии хизматрасонии интернети насли 5G-и Институти аврупоиро доранд ва ҳоло ин ширкатҳо дар талоши ба даст овардани иҷозатномаи Хадамоти алоқа мебошанд.     

Ёдовар мешавем, ки масъулини ширкат моҳи апрел хабар дода буданд, ки Бунёди тавсеъаи иқтисодии Оқохон (Aga Khan Fund for Economic Development, AKFED) бо хариди 60 дарсади саҳоми "Tcell" аз ширкати суедии "Telia" ягона саҳомдори ин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон мешавад.

Маблағи ин қарордоди хариду фурӯши 60 дарсад аз саҳом 27,7 милюн дулори амрикоӣ буда, уҳдадориҳо ё бидеҳиҳои молиётии ширкатро ҳам дар бар мегирад. Арзиши қарордод бар пояи арзиши куллии ин ширкат баровард шуда, ки он 46,2 милюн дулор арзёбӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0