Тоҷикистон дар як сол наздик ба 1,5 миллион тон маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст

© Sputnik / Амир ИсаевАЗС на дороге "Душанбе - Курган-Тюбе". Архивное фото
АЗС на дороге Душанбе - Курган-Тюбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатҳои нафтрасоне, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доранд, дар як сол ба ҷуммҳурӣ наздик ба 1,5 миллион тон маҳсулоти нафтӣ ворид кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Масъулини вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз дар як нишасти матбуотӣ эълон намуданд, ки соли гузашта аз Русия ба ҷумҳурӣ танҳо мутобиқи нақшаи индикативӣ 457 ҳазор тонна маҳсӯлоти нафтӣ ворид намудаанд.

Нефтяной насос на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оймуҳаммадзода: Тоҷикистон дорои нафту гази зиёд аст, аммо истихроҷи онҳо мушкил мебошад

Дар ҳамин ҳол,  Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе қайд кард, ки ҷумҳурӣ дар доираи нақшаҳои интдикативӣ аз Русия дар соли 2019 имкон дошт то 830 ҳазор тонна маҳсӯлоти нафтӣ ворид намояд.

Вай таъкид дошт, ки аз ин нақша барои Тоҷикистон 457 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ кофӣ буда, пурра эҳтиёҷоти мардуми кишварро ба нафту газ ва дигар намуди сӯзишворӣ қонеъ намудааст.

“Бештари маҳслоти нафту газ ба Тоҷикистон аз Русия, ки мо бо онҳо созишномаи иоловагӣ, ба монанди созишномаи индикативӣ дорем, ворид мегардад”,- гуфт Усмоналӣ Усмонзода

Ҳамзамон Усмонзода афзуд, Тоҷикистон ғайр аз харидории маҳсулоти нафтӣ аз Русия аз кишварҳи мухталиф низ беш як миллион тон маҳсулоти нафтӣ харидорӣ ва ворид намудааст.

Масъулини Вазорати энергетика гуфтанд, ки новобаста аз ин Русия яке аз бузургтарин кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти нафтӣ ба бозори Тоҷикистон ба шумор меравад.

Инчунин, масъулини зикр намуданд, ки дар соли 2018 ба Тоҷикистон 1 милиону 35 ҳазор тонн маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 403 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст.

Лентаи хабарҳо
0