00:45 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
411520

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз Салимзода Амонулло Файзуллоро ба ҷои Иззатулло Сатторӣ вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин кард

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Профессор Амонулло Салимзода, доктори илмҳои кишоварзӣ, ки аз моҳи декабри соли 2013 то имрӯз ба ҳайси ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кор мекард, вазири кишоварзӣ таъин шуд.

Амонулло Салимзода, 30 майи соли 1967 дар ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шуда, дуюмин нафар аз оилаи Салимзодаҳо мебошад, ки ба мақоми вазирӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон таъин шудааст.  

Нусратулло Салимзода, бародари калонии Амонулло Салимзода аз соли 2008 то 2017 ба ҳайси вазири тандурустии Тоҷикистон кор мекард.  Нусратулло Салимзодаи 55-сола феълан раиси ноҳияи Сино мебошад.

Муовини аввали Озода Раҳмон: подполковник Аҳтам Абдуллозода кист?

Вазири навтаъини кишоварзии Тоҷикистон, соли 1991 факултаи агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва соли 2006 факултаи баҳисобгирӣ ва молиявии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемурро хатм кардааст.

Ӯ соли 1999 рисолаи номзадӣ ва соли 2007 рисолаи докториро дар мавзӯи “Асосҳои биотехнологии гирифтани тухмии босифати картошка дар Тоҷикистон” дифоъ намудааст. Аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта то соли 2001 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедра ва ҷонишини декани факултаи Агробизнес фаъолият намудааст. Солҳои 2001-2004 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ёрдамчии сарвазири Тоҷикистон будаст. Аз октябри соли 2004 дар вазифаҳои гуногун - ноиби ректор оид ба таҳсили ғоибона, мудири шуъбаи таҳсили ғоибона ва ноиби ректор оид ба корҳои таълимӣ фаъолият карда, моҳи декабри соли 2013 мақоми ректори Донишгоҳи аграриро гирифтааст.

Барчаспҳо:
вазир, фармон, тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ