03:05 14 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4621 0 0

Карим Иброҳимзода, генерал-майор, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, раиси Кумитаи интизомӣ-назоратии Федератсияи футболи ин вилоят интихоб шудааст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ин як вазифаи ҷамъиятиро Карим Иброҳимзода дар баробари мақоми давлатие, ки дорад пеш хоҳад бурд. Раиси кумитаи интизомӣ-назоратӣ дар Федератсияи футбол як вазифаи ҷамъиятӣ аст ва барои вусъат додани кори он, дар соли ҷорӣ Иброҳимзода интихоб шудааст.

Бар пояи иттилоъияе, ки дар саҳфаи ФФ Суғд дар Фейсбук нашр шудааст, Иброҳимзода ба ин вазифаи ҷамъиятӣ, рӯзи 23-уми январ интихоб шудааст.

Аз ин, ки ин сардори Раёсати ожонсии мубориза бо коррупсия барои ба зиммаи худ гирифтани ин масъулияти ҷамъиятӣ розӣ шудааст, ФФ Суғд аз вусъат пайдо кардани кори Кумитаи интизомӣ изҳори умедворӣ кардааст.

“Барои вусъат додани кори Кумитаи интизомӣ-назоратии Федератсияи футболи вилоят дар соли ҷорӣ, Раиси кумитаи мазкур генерал-майори адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим интихоб гардиданд”, - омадааст дар иттилоияи ФФ вилояти Суғд.

Карим Иброҳимзода ҳоло дар баробари афроди соҳибмансаб дар вилояти Суғд аз ҷумла Раҷаббой Аҳмадзода, ки аз замони раиси вилояти Суғд таъин шуданаш дар соли 2018 ба ин тараф, вазифаи раиси ФФ Суғд-ро ба зима дорад, инчунин як вазифаи ҷамъиятиро дар соҳаи футбол пеш мебарад.

Иброҳимзода, аз моҳи декабри соли 2016 бо фармони Рустами Эмомалӣ он замон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори ин Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд таъин шудааст.

Барчаспҳо:
интихоб, генерал, генерал майор, Федератсияи футбол, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ