00:36 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
167 0 0

Як навраси 15-сола дар Душанбе ба дуздии 2 ҳазору 900 доллари амрикоӣ, 30 ҳазор сомонӣ, 70 ҳазор русӣ, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, 2-адад шиносномаи миллӣ ва хориҷӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Як навраси 15-сола, хонандаи синфи 9-и яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе ба дуздии пул ва ҳуҷҷат муттаҳам мешавад, гузориш медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, як сокини дигари пойтахт аз гум шудани амволаш аз дохили сандуқи чӯбин дар манзилаш ба милиса шикоят бурдааст, ки дар натиҷа наврасро дастгир кардаанд.

Боздошти зани 23-сола ба иттиҳоми дуздии маблағи калон аз бозори Истаравшан

"Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза марди 38-солаи сокини кӯчаи Ободкорони пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми ноябри соли 2019, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи чӯбин 2 ҳазору 900 доллари амрикоӣ, 30 ҳазор сомонӣ, 70 ҳазор русӣ, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, 2-адад шиносномаи миллӣ ва хориҷиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст",-менависад манбаъ.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-сола, хонандаи синфи 9-уми МТМУ, сокини кӯчаи Ободкорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Тафтишоти қазия идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ