Ирис нахӯред: 5 тонна қандро аз Тоҷикистон ихроҷ мекунанд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПродажа наборов с шоколадными конфетами в гипермаркете "Ашан"
Продажа наборов с шоколадными конфетами в гипермаркете Ашан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар раванди ташхиси физикӣ-кимиёвӣ муайян карда шуд, ки намунаи маҳсулоти қаннодии пешниҳодгардида аз рўи нишондоди сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрии ГОСТ 6478-89 "Ирис. Шартҳои техникии умумӣ" мутобиқ нест

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  воридоти 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ — ириси "Aita"-ро ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешгирӣ намуд, узориш медиҳад "Ховар".

Гуфта мешавад, дар доираи корҳои сертификаткунонии маҳсулот ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории дастгоҳи марказии Агентии "Тоҷикстандарт" намунаи маҳсулоти қаннодӣ – ириси "Aitan", ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ ворид карда шудааст, пешниҳод гардид.

"Намунаи ириси мазкур бо риояи қоидаҳои ташхис ва истифодаи усулҳои муқарраршуда дар озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории Агентии "Тоҷикстандарт" аз ташхис гузаронида шуд. Дар раванди ташхиси физикӣ-кимиёвӣ муайян карда шуд, ки  намунаи маҳсулоти қаннодии пешниҳодгардида аз рўи нишондоди сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрии ГОСТ 6478-89 "Ирис. Шартҳои техникии умумӣ" мутобиқ нест", — афзудааст манбаъ.

Реэкспорт: 60 тонна равғани пастсифат ба Узбакистон фиристода шудааст

Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо дарназардошти ин, ба маҳсулоти мазкур сертификати мутобиқат дода нашуда, барои муайян намудани ҳолати минбаъдаи миқдори умумии маҳсулоти қаннодии воридгардида, ки 5000 кг-ро ташкил медиҳад, ҷиҳати тибқи низоми "Реэкспорт" аз қаламрави ҷумҳурӣ берун баровардани маҳсулоти мазкур ба Хадамоти гумрук дархост пешниҳод гардид.

Лентаи хабарҳо
0