Аз атташе то котиби дувуму севум: ВКХ 12 ҷойи холии корӣ эълон мекунад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати карҳои хориҷӣ аз мавҷуд будани 12 ҷойи кории холӣ дар ниҳод эълон карда, мутахассисонро ба кор даъват кардааст. Дар феҳристи мансабҳои холӣ - атташе, котиби дувуму котиби севум дида мешавад. Маош аз 804 сомонӣ гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои ишғоли 12 мансаби холӣ озмун эълон намуда, матахассисонро ба кор даъват мекунад.

Тавре дафтари матбуоти вазорат менависад, дар ниҳод мутахассиси Шуъбаи иттилоот, нашрияҳои чопӣ ва электронии Раёсати иттилоот ва матбуот, мутахассиси Шуъбаи назорати коргузории Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ, мутахассиси Раёсати молиявӣ ва мутахассиси Раёсати корҳо намерасад.

Ҳамчунин ба ВКХ мутахассиси Шуъбаи дастгоҳи марказии Раёсати кадрҳо мутахассиси Шуъбаи Африкаи Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африка, атташеи Раёсати хизматрасониҳои консулии Сарраёсати консулӣ, атташеи Шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказии Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва атташеи Шуъбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии Раёсати созмонҳои байналмилалӣ даъват мешаванд.
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Давлатзода : ВУХ бояд барои ҷаҳонӣ шудани даъватҳои Президент талош кунад

"Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби мутахассис – 804 сомонӣ, музди меҳнати заминавӣ барои мансаби атташе ва котиби сеюм – 1200 сомонӣ, музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби дуюм – 1323 сомонӣ", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, на кам аз 1 сол собиқаи хизмати дипломатӣ ё на кам аз 2 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ, донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва ғайраҳо дар феҳристи талаботҳо ба хоҳишмандони кор дар ВКХ дида мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро ба суроғаи шаҳриДушанбе кӯчаи Шероз 33 ирсол кунанд.

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 227-75-32; 221-70-27.

Бо рӯйхати пурраи мансабҳои холӣ дар ВКХ, талаботҳо ва ҳуҷҷатҳо метавон дар сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шинос шуд.

Лентаи хабарҳо
0