13:46 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4123 0 0

Имрӯз бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ вобаста ба андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди бемории “коронавирус”, ки дар Чин ба қайд гирифта шудааст, баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳуқукумати Тоҷикистон супориши қатъӣ додааст, ки пешгирии бемории “коронавирус” дар ҷумҳурӣ зери назорат гирифта шавад.

Дар кори ҷаласа роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, хадамоти гумрук, Агентии “Тоҷикстандарт” ва намояндагони дигар сохторҳое, ки бо ин масъала алоқамандӣ доранд, иштирок доштанд, иттилоъ додааст АМИТ Ховар.

Бино бар иттилои манбаъ, Азим Иброҳим зимни мулоқот қайд намудааст, ки айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба масъалаи мазкур аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ доранд.

Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва сохторҳои дахлдори он тадбирҳои иловагӣ барои роҳ надодан ё ин ки сари вақт пешгирӣ кардани ин беморӣ андешида шуда истодаанд.

Манбаъ зикр намудааст, ки бо супориши қатъии Президенти Тоҷикистон ниҳодҳои дахлдор бори дигар вазифадор карда шуданд, ки зимни гардиши молу мавод дар сарҳад нуқтаҳои сарҳадии рафтуомади шаҳрвандон ва дигар ҳолатҳои эҳтимолии гузариши ин беморӣ зери назорати қатъии сохторҳои масъул қарор дода шаванд.

Барчаспҳо:
пешгирӣ, Азим Иброҳим, Чин, назорат, Президент, Эмомалӣ Раҳмон, супориш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ