06:16 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
142 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати аудиторӣ “Ориён Аудит С” ва “Кроу Хорват-ЭЙСИҶИ” иҷозатномаи фаъолият дар қаламрави ҷумҳурӣ дод

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Бо қарори раёсати Бонки миллӣ, ки санаи 27 январи соли равон ба имзо расид, ба ширкати “Кроу Хорват - ЭЙСИҶИ” иҷозатнома то соли 2021 ва ба ширкати “Ориён Аудит С” ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шудааст.

“Бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба ширкати “Кроу Хорват - ЭЙСИҶИ” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ, тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 6 сентябри соли 2021 иҷозатнома дода шуд”, - гуфта шудааст дар қарори Бонки миллӣ.

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаи ширкати “Кроу Хорват - ЭЙСИҶИ” аз 6 сентябри соли 2016, аз эътибор соқит дониста шуда, Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор аст, дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ, оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.

Ҳамзамон бо қарори раёсати Бонки миллӣ ба ширкати “Ориён Аудит С” ба муҳлати 5 иҷозатнома дода шуд.

Бонки миллӣ таъкид намудааст, ки мутобиқи моддаи 17 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19-и Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба ширкати “Ориён Аудит С” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шудааст.

Инчунин масъулини Бонки миллӣ, идораи назорати суғуртавиро уҳдадор кардааст, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавиро доранд, сабти дахлдорро ворид намояд.

Барчаспҳо:
ҷумҳурӣ, фаъолият, иҷозатнома, ширкат, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ