23:24 16 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1242 0 0

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир, миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи ба “вируси тоҷдор “мубтало шудан ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки агар зарурати воқеии барои баровардани донишҷӯёни тоҷик аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, ҷониби Тоҷикистон ин иқдомро бо Ҳукумати Чин анҷом хоҳад дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Манбаъ қайд кардааст, ки сафорати Тоҷикистон дар Чин бо шаҳрвандони кишвар, ки дар шаҳрҳои гуногуни Чин, аз ҷумла Ухан (зиёда аз 45 донишҷӯи тоҷик) қарор доранд, дар тамоси доимӣ мебошад.

Ҳамчунин масъулини сафорати Тоҷикистон дар Чин бо мақомоти дахлдори ин кишвар ва ҳукумати музофоти Хубэй ва шаҳри Ухан ва мактабҳои олие, ки дар он шаҳрвандони ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд, дар алоқа буда, вазъиятро пайгирӣ менамояд.

Вазорати хориҷа таъкид доштааст, ки мақомоти кишвар вазъияти мазкур зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Вазорати хориҷа зикр кардааст, ки дар ҳоли ҳзозир, миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи ба вируси тоҷдор мубтало шудан ба қайд гирифта нашудааст.

“Ҷониби чинӣ айни замон масъалаи баровардани шаҳрвандони хориҷиро аз шаҳри Ухан баррасӣ надорад ва тавсия ҳам намедиҳад, зеро дар саросари музофоти мазкур карантин эълон шудааст”, - таъкид намудааст Вазорати хориҷа.

Мақомоти Чин таъкид доштааст, ки давраи инкубатсионии вируси тоҷдор аз 1 то 14 рӯз давом мекунад ва он вирус дар ин муддат ба одамони дигар имконияти сироят дорад.

Барчаспҳо:
вирус, Чин, қайд, шаҳрвандон, вазорати умури хориҷа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ