05:25 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
818 0 0

Масъулини Тоҷикгеология зимни нишасти матбуотӣ эълон карданд, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ хатари кандашудани об дар кӯли Сарез вуҷуд надорад

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Илҳом Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз зимни нашасти матбуотӣ мақомоти кишварҳои ҳамсоя бо Тоҷикистнро дилпур кард.

Ба гуфтаи вай муттахасисони Саридораи Тоҷикгеология мониторинги доимиро дар ин минтақа ба роҳ мондаанд ва дар ҳоли ҳозир вазъ дар онҷо хуб аст.

“Мо аз раванди корҳои экзогенӣ дар Кӯли Сарез мониторинг мебарем. Алҳол ягон мушкилот нест ва хатар ҳам вуҷуд надорад”, - гуфт Оймуҳаммадзода.

Ҳамзамон Бобоев Содиқ, сардори Шуъбаи геологияи Саридораи Тоҷикгеология низ ин маълумотро тасдиқ кард ва гуфт дар ҳоли ҳозир барои кандашудани оби кӯли Сарез ягон паёмаде вуҷуд надорад.

Вай а гуфт, хатаре барои кандашудани об Кӯли Сарез вуҷуд надорад.

 Ёдрас мешавем, ки қаблан устоди Донишкадаи сохтмон ва меъмории Тошканд, Равшан Қодиров гуфта буд, ки Кӯли Сарез дар ҳоли ҳозир барои якқатор кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар соҳили Амударё ҷойгир ҳастанд, хатари ҷиддӣ эъҷод месозад.

Вай таъкид карда буд, ки имрӯз касе пурра наметавонад мустаҳкамии сарбанди Сарезро (бо 19 миллион тонна об) баҳои дуруст диҳад.

Кӯли Сарез шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Дар маҷмӯъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони худро даст дод.

Шиддати дақиқи ин заминларза то ба ҳол мушаххас нашудааст, вале олимон мегӯянд расадхонаи Пулково воқеъ дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург ин зилзиларо эҳсос кардааст.

Ба гуфтаи донишмандон кӯли Сарез ба вазъи ҷуғрофӣ ва иқлими на танҳо кӯҳистони Помир, балки тамоми Осиёи марказӣ таъсири бунёдӣ гузошт. Ҳамакнун Сарез бо назардошти хатари эҳтимолии он дар гуфтаҳо ва навиштаҳо аксаран бо унвони “аждаҳои хуфта” ёд мешавад.

Зеро донишмандон мегӯянд дар сурати рахнаи садди кӯли Сарез, ки дар минтақаи зилзилахез воқеъ аст, дар тӯли 12 соат як қисми хоки Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва Туркманистон зери об хоҳад монд ва эҳтимоли кушта шудани ҳудуди 5 милён одам аз ҷумлаи сокинони ин кишварҳо вуҷуд дорад.

Хатари эҳтимолии рахнаи садди Сарезро олимони табиатшинос ба се омил марбут медонанд: вуқӯъи заминларза, афзоиши сатҳи об ва рехтани кӯҳпораҳои атроф.

Барчаспҳо:
кӯли Сарез, хатар, эълон, нишасти матбуотӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ