Мақомоти вилояти Суғд сабаби афзоиши худкушӣ дар вилоятро шарҳ дод

© PixabayМедицинские носилки, архивное фото
Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои Раёсати кор ба ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд имсол дар вилоят 73 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Мирзоқосим Каримов, сардори Раёсати кор ба ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, худкушии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Спитамен, Деваштич, Мастчоҳ, Истаравшан ва Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст сомонаи “pressa.tj”.

Человек целится пистолетом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Худкушӣ дар Ишкошим: чаро собиқадори Амонатбонк худро парронд?

Ба гуфтаи Каримов, тибқи таҳлилҳову оморҳо ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонон ва занону духтарон дар вилояти Суғд сол то сол тамоюли афзоиш дорад.

Вай афзуд, ки бештар ҷавонону наврасон ва занону духтароне, ки ба мушкилоти равонӣ ва хушунати оилавӣ дучор мешаванд, маҳз бо роҳи худовезӣ худро ба қатл мерасонанд.

“Барои аз байн бурдани ҳама намуди падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон мо дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти гуногун, аз ҷумла РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ва дигар сохторҳо пайваста ҳамкорӣ карда истодаем, то ин гуна ҳодисаҳои нохуш ҷилавгирӣ шавад”, — зикр кард Каримов.

Бояд қайд кард, ки масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон, кор бо занон ва дигар сохторҳо сабабҳои зиёдшавии ин гуна ҳодисаҳоро дар бештари маврид ба “гирифтор шудани худкуш ба бемории руҳӣ” рабт медиҳанд.

Ҳамзамон ҷомеаи шаҳрвандӣ баронанд, ки  набудани равоншинос ва шароити танги иқтисодӣ, ки дар бештари ҳолат сабаби муноқиша ва хушунати хонаводагӣ мегардад, яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани ҳодисаҳои худкушӣ медонанд.

Лентаи хабарҳо
0