02:49 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2256 0 0

Гулбаҳор Эмомзода, сартабиби шаҳри Бӯстон баъди барқарор кардани беш аз 44 ҳазор сомонӣ зарари расонидааш аз ҷониби вазорати тандурустӣ аз вазифа сабукдуш шудааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik.  Дар ин бора Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Бӯстон зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

“Ҳоло пеш аз он, ки ман ба ин нишаст ворид шавам оиди аз кор сабукдӯш шудани Гулбаҳор Эмомозода аз вазорати тандурустӣ пешниҳод шудааст. Эмомзода зарари расонидаашро пурра барқарор карда, дар бораи аз кор рафтанаш ариза навиштааст” - гуфт Ҳошимзода.

Нисбати Гулбаҳор Эмомзода, сартабиби Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шаҳри Бӯстон, дар поёни соли 2018 кормандони милитсия парвандаи ҷиноӣ боз намуда буданд.

Банду басти парванда алайҳи ин масъули соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Бӯстон бар асоси моддаи 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) сурат гирифта буд ва гуфта мешуд, ки сартабиб Гулбаҳор Эмомзода дар замони роҳбариаш дар солҳои 2017 ва 2018 аз ваколатҳои хизматиаш берун баромада, дар тасарруф шудани чанд ҳазор сомонӣ сабаб шудааст.

Бино ба тафтишоти анҷомшуда ин сартабиб аз ҷумла ба ҳисоби писараш Ислом Мусохонов, ки ҳанӯз донишҷӯ буд, чанд шиноси дигарашро пеши худ ҳамчун кормандони соҳаи тиб дар бемористонҳои шаҳри Бӯстон ба кор қабул намуда, бо ин роҳ ба онҳо ғайримақсаднок маоши хизматӣ таъин намудааст.

Аз ҷумла дар вақти дар таътил қарор доштани шуморе аз ин кормандон ҳам маҳз бо супориши ӯ маош ҷудо карда шудааст. Моддаи 245 – асноди ҷиноии Тоҷикистон, барои нафари гумонбар то 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 5 соли маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад. Раиси шаҳри Бӯстон гуфт, Эмомозода то навиштани аризаи рафтан аз кор, маблағи зарари расонидаашро пурра барқарор кардааст.

Барчаспҳо:
сабукдуш, Вазорати тандурустӣ, зарар, сомонӣ, барқарорӣ, Бӯстон, ш. Бӯстон

Мавзӯъҳои асосӣ