Фаромадани тарма ва яхбандӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкАвтомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе
Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад. Дар ағбаҳо яхбандӣ боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад.  

Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона   аз 7-12 то 14-19 ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 28-33 ва рӯзона 12-17 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Снег в парках и скверах Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Сюрпризҳои табиат: ҳавои Тоҷикистон то 50 дараҷа сард мешавад

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағийрёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо туман мефарояд.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 4 дараҷа хунук  то 1  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва  рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0