Ширкати “Сомон Эйр” ба хотири “Вируси тоҷдор” парвозҳояшро ба Чин қатъ кард

CC BY-SA 2.0 / Lars Steffens / Boeing 737 Somon AirБоинг 737 авиакомпании "Сомон Эйр", архивное фото
Боинг 737 авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоиии "Сомон Эйр" ба хотири авҷ гирифтани “Вируси тоҷдор” парвозҳояшро ба самти Чин қатъ кард

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба хотири вазъи фавқулодаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби Созмони байналмилалии беҳдошт эълон шуда буд, парвозҳояшро ба самти Чин қатъ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ширкати "Сомон Эйр".

Дар ин бора Ожонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон низ қарори дахлдорро ба нашр расонидааст.

Торговля на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Айби “вируси тоҷдор”: манъи воридоти маводи ғизоии Made in China ба Тоҷикистон

“Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии Тоҷикистон аз “Вируси тоҷдор” ширкти ҳавопаймоии “Сомон Эйр” тасмим гирифт парвозҳояшро дар моҳи феврал ба самти Душанбе-Урумчӣ-Душанбе қатъ намояд”, таъкид доштааст Ожонсии авиатсияи гражданӣ.

Ҳамзамон масъулини ширкати "Сомон Эйр" қайд намудаанд, ки маблағи чиптаҳои фурӯхташуда ба мусофирон баргардонида хоҳад шуд. Ҳамчунин масъулини ширкат афзуданд, ки мусофирон метавонанд чиптаҳои харидаи худро ба рӯзҳои баъдӣ иваз намоянд.  

“Масъулини ширкат бори дигар барои қатъи парвозҳо, ки ба хотири амнияти бехатарӣ сурат гирифтааст, аз мусофирон пузиш мехоҳад”- таъкид доштааст ширкати “Сомон Эйр”.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 24 январи соли равон Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"  бино бар таҷлили соли нави чинӣ парвозҳояшро ба самти Душанбе -Урумчӣ қатъ намуда буд.  Аввалин парвоз баъд аз таҷлили соли нави чинӣ қарор буд, 4 феврали соли равон анҷом меёфт.

 Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, АМА, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз соли 2017 узви IATA мебошад.

Лентаи хабарҳо
0