Худсарӣ: дастури санҷиши ширкати писари Бег Сабур ва таҳдиди бастан

Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар пайи гирифтани мактуби Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои санҷиши кори ширкати “Комил 2010”-и Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дастур додааст

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Идораи сармеъмори Душанбе иншооти бунёдкардаи ширкати “Комил-2010”-ро санҷида, маводро ба додситонии пойтахт пешниҳод кардааст. Ба иттилои Кумитаи меъморӣ дар кори ширкати “Комил-2010” камбудиҳо ошкор шудаанд.

Эмомали Рахмон и Бег Сабури на открытии в Кулябе Дворца водных видов спорта - Sputnik Тоҷикистон
Зиёфати Президент дар хонаи нави оилаи Бег Сабур дар кӯчаи Сангак Сафаров

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, гуфт, феълан ба ширкати “Комил-2010” ҳушдор додаанд, ки дар сурати ислоҳ накардани камбудиҳо дар муҳлати кӯтоҳ, иҷозатномаи ширкат бозхонд карда мешавад.

“Ҳозир Хадамоти давлатии назорат якҷо бо хадамоти иҷозатномадиҳӣ кор бурда истодаанд, ҳар як иншооти ин ширкатро санҷида истодаем. Агар ин корҳо ислоҳ нашаванд дар муддати кӯтоҳ, мо литсензияи “Комил 2010”-ро мегирем”, - изҳор дошт раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.

Масъулини Кумитаи меъморӣ камбудиҳои асосии ин ширкатро дар он гуфтанд, ки худсарона бидуни гузаштан аз экспертизаи давлатӣ корҳои сохтмониро оғоз мекардаасту дар рафти сохтмон ошёнаҳои иловагиро зам менамудааст.

Витрина с сотовыми телефонами. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
80 дирамӣ аз ҳар симкорт: Хадамоти зидинҳисорӣ баъди 5 сол асоснокиашро пурсид

“Камбудиҳои асосӣ ин бе лоиҳаи аз экспертизаи давлатӣ гузашта оғози корҳои сохтмонӣ ва дар протсеси сохтмон зиёд кардани ошённокии бино берун аз лоиҳа мебошад”, - изҳор дошт Раҳматилло Табарзода, масъули Кумитаи сохтмон зимни нишасти матбуотӣ.

Ӯ афзуд, ки иншооти ширкати мазкур дар шаҳри Душанбе ва навоҳии дигар таҳти назорат қарор доранд.

“Нисбати объекте, ки дар маҳаллаи Зарафшон аст, мо мактуби расмӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон навиштем. Мактуб ба додситонии шаҳри Душанбе равона шудаст. Дар натиҷаи чорабиниҳое, ки амалӣ кардем, сохтмони ду объект дар Душанбе -  як бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дар Зарафшон, дар назди дармонгоҳи рақами 14 ва бисёрошёнаи дигар дар хиёбони Рӯдакӣ 142 боздошта шуд. Дар шаҳри Кӯлоб низ як чунин объектро манъ кардем, сохтмон дар он ҷо нарафта истодааст”, - изҳор дошт Табарзода.

Ҳукумат иншооти нави махсусан муҳими Тоҷикистонро тасдиқ карду сабукӣ дод-акс

Назари масъулини ширкати "Комил-2010" феълан маълум нест. “Комил -2010”, ки ба номи Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабти ном шудааст, ахиран дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Ба иттилои расонаҳо, Бег Сабур дар идораи давлатӣ ба фурӯш ва ҳалли масоили марбути сохтмонҳои “Комил 2010” машғул мебошад. Худи раиси Хадамоти алоқа ин амалашро талош барои таъмини ниёзмандон бо хона ва коҳиши шиддати иҷтимоӣ арзёбӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0