22:50 16 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.77
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
473 0 0

Ҳимоятгарони Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик аз додгоҳи марҳилаи болоӣ дархост кардаанд, ки ба далели ба ҷамъият хавф надоштани зерҳимояташон, қарори ҳабси пешакии ӯ лағв карда шавад

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Вакилони дифои рӯзноманигор Шарифов, ки аз ҷониби Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ироа шудаанд, аз додгоҳ хоҳиш кардаанд, ки зерҳимояашонро аз боздоштгоҳи мақомоти амният дар ҷараёни тафтишот озод кунад. Ҳимоятгарон дар муроҷиаташон ба додгоҳ, ки имрӯз супорида шудааст, далел овардаанд, ки Далер Шарифов ба ҷамъият хавфе надорад.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 30 январ Шарифовро ба ду моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум карда буд. Мақомоти тафтишотӣ рӯзноманигорро бар асоси моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ дар барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ муттаҳам мекунанд. Банди аввали ин модда то 5 соли ҳабсро пешбинӣ кардааст.

Далер Шарифов ба иттилои наздиконаш пеш аз зуҳри 28 январ ба шаҳри Душанбе даъват шуда, боздошт гардидааст. Наздиконаш мегӯянд, сипас кормандони мақомот хонаашонро бозҷӯӣ карда, бархе аз адабиётро бо худ бурданд ва таъкид намуданд, ки Шарифов баъди бозпурсӣ раҳо хоҳад шуд.

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо нашри як изҳорот шеваи боздошт ва муносибати мақомотро дар қазияи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ғайри қобили қабул хондааст.

 “Шеваи боздошт ва муносибати масъулини мақомотро қобили қабул намедонем, зеро зимни даъват ва боздошт кардани Далер Шарифов эҳтимол меравад, ки аз тарафи мақомот талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ сарфи назар шудаанд, гуё ӯро ба мулоқот даъват (бидуни супурдани даъватнома бо нишондоди мақоми вай ‐ гумонбаршуда, шоҳид ва ғ.) намуда, боздошт карданд. Вай аз лаҳзаи боздошт шуданаш то рӯзи сеюм дастрасӣ ба вакили мудофеъ надошт”, - омадааст дар изҳорот.

Анҷумани миллии ВАО афзудааст, ки алъон, чизи мушаххасе гуфта наметавонад, зеро дастрасӣ  ба иттилоот дар робита ба қазияи Далер Шарифовро надорад.

“Ҳамзамон, аз мақомоти тафтишот  боисрор талаб дорем, ки дар баррасии мавод ва ҳолатҳои қазия волоияти қонун бечунучаро риоя шавад. Мо қазияро ҳамаҷониба мавриди пайгирӣ қарор додем, дар сурати дастрас шудани маълумоти нав мавқеамонро боз ҳам мушаххас мегардонем”, - омадааст дар изҳорот.

“Ман сагбача нестам”: имтиҳони сангине барои ҳукумати Мирзиёев

Далер Шарифов қаблан дар телевизиони давлатии “Сафина” кор мекард ва солҳои охир ба иттилои наздиконаш ба далели мушкили пайдо кардани кори доимӣ дар ВАО, баробари ҳамкорӣ бо расонаҳо ба кишоварзию китобфурӯшӣ машғул буд.

Барчаспҳо:
боздошт, парванда, озодии баён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ