19:10 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
818 0 0

Муҷибахон Ҷавҳарова, номзад ба вакили Парлумон-2020 рисолаи илмиашро дар мавзӯи “Юсуф ва Зулайхо”- Ховарии Шерозӣ ва муқоисаи он бо достони ҳамноми Абдураҳмони Ҷомӣ” ҳимоя кардааст

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Бино ба иттилоъи Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, ҳимояи кори илмии Муҷибахон Ҷавҳарова, рӯзи 30-уми январ, дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи Тешаев, 30-уми январ ҳамзамон зодрӯзи Ҷавҳарова буда ва соҳибҷашн дар ин санаи барояш муқаддас, рисолаи илмиашро бомуваффақона ҳифз намудааст.

Номзадии Ҷавҳарова Муҷибахон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Парлумон ҳанӯз рӯзи 13-уми декабри соли 2019 аз сӯи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбарӣ шуда ва ҳоло таҳти рақами 15 дар қатори 28-номзад дар феҳристи ягонаи умумиҷумҳуриявии ин ҳизб қарор дорад.

Ба ҳисоби ӯ дар ин феҳрист номзадҳои ҲХДТ, 14 нафар занон шомил ҳастанд.

Ба иттилоъи манбаъ, Ҷавҳарова зодаи деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара буда, факултаи рӯзноманигории донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ӯ ҳоло директори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аст.

Барчаспҳо:
номзадҳо, вакил, парлумон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ