Икромӣ: Ба смс паёмак гузаред, банкоматҳои “Амонатбонк” дигар чек намедиҳанд

© Sputnik / Стас ЭтвешБанкомат, архивное фото
Банкомат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси “Амонатбонк” пешниҳод намудааст, ки муштариёни бонк аз гирифтани чек аз банкоматҳо даст кашанд ва ба смс паёмаки телефонӣ пайваст шаванд

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ раиси раёсати “Амонатбонк” зимни нишатси матбуотӣ эълон кард, ки бонк метавонад нашри чек аз банкоматро комилан қатъ намояд.

Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон
Раиси “Амонатбонк”: доллар дар бонк ҳаст, аммо...

Ба гуфтаи вай, дар ҷойҳое, ки банкомат гузошта шудааст, ҳамаи замин пур аз чек шудааст.

“Чекро бояд бар замин партофта нашавад. Мо имрӯз смс паёмакро роҳандози кардаем, ба касе маълумот лозим бошад ба смс паёмак пайваст шавад. Чек дигар лозим нест. Чек як хароҷоти зиёдати барои бонк аст. Чек дар коғази махсус нашр мешавад ва пас аз се моҳ маълумот дар он тоза мешавад. Ба смс паёмак гузаред дар телефонҳои мобилитон тамоми маълумот ҳифз мешавад”, - таъкид дошт Икромӣ.

Вай қайд кард, ки дар смс паёмак тамоми амалиёте, ки тавассути корти бонкӣ сурат мегирад дар телефонҳои мобилӣ ҳифз мешавад ва зарурат барои гирифтани расид аз банкомат дигар лозим нест.

“Тибқи мушоҳидаҳои мо, ҳамагӣ 1 дарсади мардум чекро аз банкомат ҳамроҳаш гирифта мераванд. 99 дарсади дигар чекро бар замин мепартоянду пулашро гирифта мераванд”, -гуфт ӯ.

Лентаи хабарҳо
0