23:29 07 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

Дар соли гузашта барои риоя накардани Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон 147 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст

ДУШАНБЕ, 5 февр — Sputnik.  Маҳмудзода Насрулло,  Прокурори вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ таъкид доштааст, ки зиёда аз 13 сол мешавад, ки қонуни мазкур дар кишвар амалӣ мешавад, аммо мутаассифона, ҳоло ҳам аз ҷониби сокинони вилоят намешавад ва қонуншиканиҳо ба чашм мерасад, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи "Фараж".

Вай афзуд, сокинон муддати баргузории маъракаҳои худро зиёд мекунанд, пул мечаспонанд ва ё ба вайрон кардани теъдоди таомҳо даст мезананд.

Инчунин вай зикр намудааст, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ соли 2019-ум 308 ҳолати қонунвайронкунӣ дар самти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор карда шудааст.

“Барои бартараф кардани онҳо 72 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шуда, 147 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаву ҷаримабандӣ гардида ва 61 нафари дигар ба ҷавобгарии интизомӣ  кашида шудаанд, — илова кард прокурор”, - гуфт Маҳмудзода Насрулло.

Барчаспҳо:
ҷавобгарӣ, қонуншиканӣ, Хатлон, танзим, қонун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ