17:47 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
265610

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии кишвар гуфт, муомилаи бад ва рафтори дағалона занро маҷбур месозад даст ба хиёнат бизанад

ДУШАНБЕ, 5 февр — Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, яке аз чеҳраҳои мазҳабӣ дар ҷумҳурӣ, муфтии кишвар, раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки "агар ҳамон марди муҳоҷире, ки дар як моҳ як маротиба ба ҳамсараш занг зада, бо лаҳни хуб гуяд “дӯстат медорам”, ҳамсараш ҳеҷ гоҳ даст ба хиёнат намезанад".

“Ман боварӣ дорам, агар ҳамон марде, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, агар дар як моҳ, як бор ба оилаи худ занг бизанад ва танҳо бигуяд “дӯстат медорам”, ҳеҷ вақт ҳамон зан хиёнат намекунад. Аммо мутаассифона муносибати мардон хуб нест”, - таъкид дошт муфтӣ.

Абдулқодирзода афзуд, ки муҳоҷир аз дур дағалона рафтор карда, дили занро сард мекунад.

Рашку хиёнат: Дилшод барои қасди қатли Нодира боз маҳбасӣ шуд

“Асоси даст ба хиёнат задан, ин муносибати бади зану шавҳар аст. Агар марду зан бидонанд, ки муносибати бад ва рафтори дағалона дар зиндагӣ метавонад онҳоро ба роҳи бад бубарад, ҳеҷ гоҳ чунин рафтору муносибат намекунанд ва хиёнатҳо низ намешаванд”, - гуфт ӯ.  

Муфтии Тоҷикистон таъкид дошт, ки имомхатибҳои 350 масҷиди ҷомеи Тоҷикистон, дар маъвизаҳои худ ҳамеша ба ин масъала таъкид мекунанд. Аммо Абдулқодирзода бар онаст, ки дар пешгирии ин раванд танҳо дин басанда нест.

Ба гуфтаи вай, дар муқобили телесериалҳое, ки ҷавононро ба хиёнат ё ба фисқу фуҷур даъват мекунанд, тариқи васоити ахбори омма бояд корҳои фаҳмондадиҳии бештар шавад, то ҷавонон бидонанд, ки барои фарзандон ва ояндаи худ чӣ хатаре эҷод мекунанд.  

Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ Давлатзода Сулаймон, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо қайд кард, ки вайроншавии оилаҳо як мушкилоти бузурги иҷтимоӣ аст.

Вай афзуд, ин  аз бе масъулиятии ҳам ҷавон ва ҳам ҷавонзан реша мегирад.

Инчунин, вай қайд кард, ки дар дунёи пешрафтаи технология ва телекомуникатсия назорат кардан муракабтар шудааст.

Давлатзода Сулаймон таъкид кард, ки ягона роҳе, ки метавонад пеши роҳи барҳамхурии оилаҳоро бигирад, ин боло бурдани фарҳанг аст.

Барчаспҳо:
хиёнат, зан, дағал, муомила, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Саидмукаррам, муфтиёти Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ